«Мубориза»-и раиси пойтахт бо сарулибоси бегона барои тоҷикон



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 август дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои аҳолии шаҳр, вакилони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ, ки аз пойтахт интихоб шудаанд, вакилони маҷлиси шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони марказҳои бузурги савдои пойтахт, имом-хатибони масҷидҳо машварати васеи корӣ баргузор намуд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҳозирини маҷлис оид ба мушкилоти шаҳр, масоили мавриди таваҷҷуҳи сокинон, мушкилоти рушди саноат, вазъи санитарӣ, таъмири роҳҳо ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ошкоро фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи пешгирии зуҳури ифротгароии динӣ ва терроризми байнулмилалӣ ҷалб намуда, аз ҳамаи сокинони шаҳр даъват кард, ки нисбати ин масъалаҳо бетараф набошанд ва қарзи шаҳрвандии худро ба иҷро расонанд.

Қайд шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш додааст, ки ба воридот ва фурӯши сарулибоси бегона барои тоҷикон дар Душанбе хотима бахшида шавад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси пойтахт ба директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр дастур додааст, ки ба масоили беҳбуди сатҳи дониши толибилмон ва тарбияи ватандӯстии насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное