Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт

Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 20 август дар майдони ёдгории шаҳри Ашхобод бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми туркман ба муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа ва қурбониёни заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “оташи абадӣ” гулчанбар гузошт. Бино ба иттилои хадамоти […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 20 август дар майдони ёдгории шаҳри Ашхобод бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми туркман ба муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа ва қурбониёни заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “оташи абадӣ” гулчанбар гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф овард. Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Дар шаҳри Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки олимпӣ бо маҷмааи замонавии варзишӣ аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар Туркманистон бозиҳои панҷуми осиёӣ доир мегардад ва маҷмааи варзишӣ макони асосии баргузории ин чорабиниҳо хоҳад гашт.

Бегоҳии рӯзи 20 – уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули расмӣ аз шаҳри Ашхободи Туркманистон ба Ватан баргашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.