Дар гузориши нави рушди сармояи инсонӣ дар саросари ҷаҳон (
The Human Capital Report 2015
) Тоҷикистон зинаи 65-умро ишғол мекунад. Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ, ки дар гузориш зикр ёфтаанд, танҳо Молдова (зинаи 71-ум) аз Тоҷикистон поинтар қарор дорад.
Гузориш аз ҷониби Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати Mercer омода шудаааст. Дар ин таҳқиқоти ҳамасола ба кишварҳо аз рӯи нишондиҳандаи ҳамгиройӣ – шохис (индекс)-и сармояи инсонӣ баҳо дода мешавад. Дар он сатҳи зиндагӣ, саводнокӣ, мизони фарогирӣ ба таълим, дарозумрии аҳолӣ ва ғайра ба инобат гирифта мешавад. Ҳамагӣ 46 нишондиҳанда мавҷуд аст.
Тоҷикистон бо индекси 67,24 балл имсол миёни Чин ва Албания ҷойгир шудааст, ки мутаносибан мақомҳои 64 ва 66-уми рейтингро касб намудаанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг ҳамчунин Қазоқистону Қирғизистон низ ҳузур доранд, ки зинаҳои 37 ва 44-умро ишғол кардаанд.
Дар феҳристи мазкур Эстония зинаи 16-ум, Латвия – 18, Литва – 23, Русия – 26, Украина – 31, Арманистон – 43 ва Озарбойҷон зинаи 63-умро касб кардаанд.
Кишварҳои пешсафи рейтинг Финландия, Норвегия ва Швейтсрия дониста шуда, Яман, Чад ва Мавритания дар зинаҳои охир қарор доранд.



