Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 24 август бо иштироки олимон, собиқадорон ва фаъолони шаҳр ҷаласаи васеъ баргузор намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар ҳаёти рӯзмарраи шаҳр бештар фаъолтар иштирок кунанд, ба сокинон роҳу воситаҳои ҳимоя аз арзишҳои миллиро шарҳ диҳанд, ба беҳбуди сатҳи огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм гузоранд ва ҷиҳати пешгирии паҳншавии падидаҳои ифротгароии динӣ ва терроризм дар ҷомеа бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронанд.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, бо ин мақсад ҳукумати пойтахт 45 гурӯҳи таблиғотӣ таъсис додааст, ки ба ҳайати он афроди соҳибэҳтироми шаҳр – собиқадорон, олимон ва арбобони давлатӣ шомиланд.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳҳо аз 17 август ба фаъолият дар шаҳри Душанбе шурӯъ мекунанд. «Дар ноҳияи Сино 15 гурӯҳ ва дар ноҳияҳои боқимондаи шаҳр 10-тогӣ чунин гурӯҳҳо ба кор оғоз мекунанд», – гуфт манбаъ.
Раиси шаҳри Душанбе таъкид доштааст, ки аҳолии пойтахти Тоҷикистон набояд аз рӯйдодҳои манфии ҷараёндошта дар саросари ҷаҳон худро канор гиранд ва барои роҳ надодан ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа, душанбегиҳо бояд аз тамоми имконоти мавҷуда истифода кунанд.
Қобили зикр аст, ки барои таблиғи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳисоби донишҷӯён низ таъсиси чунин гурӯҳҳо дар назар аст, ки алайҳи паҳншавии афкори ифротгароӣ миёни ҷавонон мубориза хоҳанд бурд.



