Шоми рӯзи 25 август ҷаласаи изтирории Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон доир гардида, дар он ду масъалаи муҳим – муҳр зада шудани дари қароргоҳи марказии ҲНИТ ва рафти омодагиҳо ба Анҷумани 12-уми ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни ҷаласаи Шӯро муовини аввали раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ таъкид дошт, ки дигар ба касе пӯшида нест, ки доираҳои муайяне дар мақомоти давлатӣ мехоҳанд бо ин васила дар раванди омодагӣ ва баргузор кардани анҷумани навбатии ҲНИТ монеагузорӣ эҷод намоянд.
М. Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки аллакай қариб муддати ним сол дар хориҷи кишвар қарор дораду дар кори ҷаласа тавассути режими “онлайн” иштирок кард, иброз дошт, ки ташрифи “меҳмонон”-и зиёди мақомот ба қароргоҳи ҲНИТ барои анҷоми санҷишҳои гуногун ҳадафмандона сурат мегирад, вале дар ҳама ҳолат бояд дарк кард, ки аъзои ҲНИТ коре хилофи қонун накардаанд.
«Камбудиҳое, ки дар қароргоҳи марказӣ то ҳол вуҷуд доштанд, комилан бартараф карда шуданд Пойбанд ба эҳтирому волоияти қонун мондан ҳаргиз маънои заъфу нотавонӣ нест. Омодагиҳо дар ҳама сатҳ бояд барои баргузор шудани анҷумани ҳизб идома пайдо кунад», – таъкид дошт раиси ҳизб.
Гуфта мешавад, зимни ҷаласаи Шӯро ба баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, баргузории нишасти матбуотӣ, идомаи баҳсҳои додгоҳӣ бо талаботҳои ғайриқонунии бархе аз мақомот ва ирсоли нома ба Вазорати адлияи ҶТ ҷиҳати муваққатан тағийр додани қароргоҳи ҳизб таъкид карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон
бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе
бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.
Прокуратураи генералии кишвар ин қарори худро бо он маънидод кардааст, ки баҳси қонунӣ будани харидорӣ шудани ин бино ҳаллу фасл нашудааст. Қаблан ин бино ба ширкати «Тиҷорат» тааллуқ дошта, ҲНИТ онро аз ҳамин ширкат харидааст. Суд-иҷрочиҳои Суди иқтисодӣ, ки дарҳои дафтари кории ҲНИТ-ро муҳр задаанд, изҳор намудаанд, ки баҳси мазкур бояд дар муддати 10 рӯз ҳаллу фасл шавад.
Дар ин бино ҲНИТ рӯзи 15 сентябр анҷумани навбатии ҳисоботиву интихоботии худро баргузор карданӣ буд, ки дар кори он иштироки беш аз 500 нафар вакилону меҳмонон дар назар аст. ҲНИТ бар ин назар аст, ки ин амали ҳукуматдорон ба монеъа эҷод кардан барои баргузории анҷуман равона шудааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Коллегияи адвокатхои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс»
дар мавриди ин масъала изҳор намуд
, ки муҳр зада шудани дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали ғайриқонунӣ аст.



