– Ҳатто агар сангборон шавад ҳам, он ба мо барои баргузории анҷумани 12-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 сентябр пешбинӣ шудаасту дар он раҳбарияти нави ҳизб интихоб мешавад, монеъа эҷод карда наметавонад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит.
Ӯ мутмаин аст, ки муҳр зада шудани дафтари кории ҳизб аз ҷониби суди иқтисодии пойтахт бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ як амали фармоишӣ аст, то ки ба баргузор кардани анҷумани ҳизб монеъа эҷод гардад.
«Агар ҳатто ҳангоми хариду фурӯши дафтари кории ҳозираи ҳизби мо қонуншиканиҳо ҷой дошта бошанд ҳам, ки мо онҳоро қотеъона рад мекунем, ҳукуматдорон метавонистанд онро ба ҳабс гиранд, на балки фаъолияти моро дар он манъ созанд», – иброз дошт Ҳайит.
Муовини раиси ҲНИТ қайд кард, ки агар то рӯзи баргузории анҷуман – 15 сентябр масъалаи ифтитоҳи дубораи дафтари кории ҳизб мусбат ҳаллу фасл шавад, анҷуман дар ин бино баргузор мешавад.
«Сенарияи дигар ин аст, ки барои баргузории анҷуман ҳизб яке аз биноҳо дар пойтахтро ба иҷора мегирад ва аз ҳама амали бадтаринеро, ки мо боз аз ҳукуматдорон интизорӣ дорем, монеъаэҷодкунӣ барои ба пойтахт омадани вакилон аз минтақаҳо аст. Вале сарфи назар аз шумораи вакилон, мо анҷумани интихоботиамонро баргузор мекунем», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин хотиррасон намуд, ки дар кори анҷуман аз иштироки беш аз 600 нафар вакилону меҳмонон интизорӣ меравад.
Дар робита ба масъалаи дафтари кории нави муваққатии ҳизб, М.Ҳайит зикр кард, ки баъди бо Вазрати адлия мувофиқа шудани ин масъала, ҲНИТ суроғаи онро ба ҳамагон маълум мекунад.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 25 август
ҷаласаи изтирории Шӯрои сиёсии ҲНИТ
доир гардида, дар он ду масъалаи муҳим – муҳр зада шудани дари қароргоҳи марказии ҲНИТ ва рафти омодагиҳо ба Анҷумани 12-уми ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи равон, 24 август
бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе
бар асоси пешниҳоду тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт муҳр зада шуд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Коллегияи адвокатхои шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ба «Азия-Плюс»
дар мавриди ин масъала изҳор намуд
, ки муҳр зада шудани дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали ғайриқонунӣ аст.



