Баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ



Дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат доктор Одил ибн Аҳмад Ал-Ҷубайр доир гардид.

 

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир А. Шарифӣ бо таъкиди  ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар, ки ниёзманди таваҷҷуҳи  бештаранд, ишора кард.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Мамлакат дар навбати худ аз сатҳи кунунии  робитаҳои  миёни ду кишвар ва ҷараёни густариши онҳо  изҳори қаноатмандӣ намуда, нияти ҷониби саудиро ба тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид кард.

spot_imgspot_img

Популярное