Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 2 сентябр дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карда, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоиди имрӯза барои мулоқоту музокирот ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуд.
“Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: “Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва иродаи иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Пекин ба ифтихори 70 – солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ карда, мулоқоти имрӯзаро як имкони муҳим ва мусоид барои муҳокимаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, инчунин дарёфти роҳҳи нави баҳрабардорӣ аз имкониятҳои мавҷуда арзёбӣ кард.
Си Ҷинпин изҳор дошт, ки Ҳукумати Чин минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷониби Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад то бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим бо татбиқи 3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ – ҳамоҳангу ҳамқадам бошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Си Ҷинпин ҳамчунин ба меваи хушки Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, изҳори бовар намуд, ки ба ин ва дигар маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои Чин майдони фарох боз мегардад. Раиси Чин изҳор дошт, ки кишвараш ба созмон додани минтақаи озоди иқтисодии Чин ва Тоҷикистон омода аст.
Пас аз анҷоми музокирот 3 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид: Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳияи Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкорӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ва Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду санади дигар – Созишнома байни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки рушди Хитой ва Созишномаи ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин доир ба сохтмони комплекси агросаноатӣ ба имзо расид.



