Ду дастаи Рустами Эмомалӣ дар нимфинали «Ҷоми Истиқлол»

Чемпиони дукаратаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ваколати чемпиониашро анҷом дод. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар бозии нимниҳоӣ чемпион аз дастаи «Антикоррупсия» тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Ин нахустин бохти дастаи Федератсияи футболи […]

ASIA-Plus



Чемпиони дукаратаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ваколати чемпиониашро анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар бозии нимниҳоӣ чемпион аз дастаи «Антикоррупсия» тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Ин нахустин бохти дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар давоми се соли иштирокаш  дар ин мусобиқа мебошад.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари нимниҳоӣ соҳибони мусобиқа дастаи «Истиқлол» бар «Ориёнбонк» бо ҳисоби 7 бар 4 пирӯз шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ин тартиб, рузи шанбеи 5 сентябр дар бозӣ барои ҷои сеюм «Ориёнбонк» бо ФФТ ва дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол» бо «Антикоррупсия» рақобат мекунанд. Оғози бозиҳо мутаносибан соати 18.00 ва 19.00.

Ёдрас мешавад, ки мукофотпулии сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми  40 ҳазор сомонӣ, финалисти мусобиқа бо маблағ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бошад бо маблағ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.