Дастгирии Чин аз тадбирҳои Душанбе оид ба таъмини амният

Чин тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад. Бино ба маълумоти хабаргузории «Синхуа», намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Хулдн Лэй рӯзи 9 сентябр зимни нишасти хабарии навбатӣ дар ин хусус изҳори назар кардааст. Дипломат қайд кардааст, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои дӯсту ҳамсояи наздик ва шарикони стратегӣ мебошанд ва Чин […]

ASIA-Plus



Чин тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Синхуа», намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Хулдн Лэй рӯзи 9 сентябр зимни нишасти хабарии навбатӣ дар ин хусус изҳори назар кардааст.

Дипломат қайд кардааст, ки Тоҷикистону Чин кишварҳои дӯсту ҳамсояи наздик ва шарикони стратегӣ мебошанд ва Чин ба ҳамлаҳои мусаллаҳонаи рухдода дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

«Ҷониби Чин ба таҳкими ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши таъмини амният омода буда, ният дорад, ки бо саъюу талоши умумӣ сулҳу оромӣ дар ҳарду кишвар ва минтақаро ҳифз намояд», – гуфтааст дипломати Чин.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сян Чжунро ба ҳузур пазируфта буд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Чин дар партави татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки миёни раҳбарони ду кишвар 2 сентябри соли ҷорӣ дар Пекин ҳосил шуданд ва инчунин таҳкими муҳовараи сиёсӣ ва фаъолтар намудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 сентябр аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар Душанбе ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифт.

Дар натиҷа 9 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расиданд. Ҷинояткорон дар дараи Ромит паноҳ бурданд, ки дар он ҷо ҷиҳати безарар гардонидани онҳо амалиёти сохторҳои қудратӣ идома дорад.

Тибқи маълумоти расмӣ, шурӯъ аз оғози амалиёт беш аз 60 нафар ҷонибдорони генерали ошӯбгар боздошт ва 20 нафарашон кушта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.