Сафорати ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти худро барқарор кард

Date:



Намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон фаъолияти худро барқарор кард.

Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки намояндагии дипломатӣ танҳо як рӯз – санаи 4 сентябр рӯзи ҳодисаҳои даргириҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе кори худро боздошта буд.

«Аллакай рӯзи 8 сентябр сафорат фаъолияти худро барқарор кард. Имрӯз мо ба таври муқаррарӣ фаъолият дорем», – гуфтанд дар сафорат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 сентябр сафорати ИМА дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар робита ба рӯйдодҳо дар Душанбе фаъолияти худро бозмедорад.

Дар изҳорот зикр гардида буд, ки сарфи назар аз мавҷуд набудани маълумот доир ба ҷузъиёту тафсилоти ин ҳодисаҳо, онҳо дигар амалҳои зӯроваронаро дар пай дошта метавонанд. Бинобар ин сафорат изҳор дошта буд, ки намояндагии дипломатӣ баста мешавад ва ба намояндагони расмии ИМА тавсия дода мешавад, ки ҷойҳои худро тарк накарда, кӯдаконашонро ба мактаб нафиристанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related