WP: Тоҷикистон кишвари ноозодест, ки аз дастгирии ИМА бархурдор аст

Нашрияи ҳамарӯзаи амрикоии Washington Post сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенте номид , ки аз ҳуқуқҳои инсон суистеъмол мекунад ва аз дастгирии ИМА бархурдор аст. Др ин қатор сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Баҳрайн ва Гвинея низ ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр, дар бораи президенти Тоҷикистон дар нашрия зикр мегардад, ки замони ҳукмронии ӯ ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон […]

ASIA-Plus



Нашрияи ҳамарӯзаи амрикоии Washington Post сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенте


номид


, ки аз ҳуқуқҳои инсон суистеъмол мекунад ва аз дастгирии ИМА бархурдор аст. Др ин қатор сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Баҳрайн ва Гвинея низ ҷойгир шудаанд.

Ҳамин тавр, дар бораи президенти Тоҷикистон дар нашрия зикр мегардад, ки замони ҳукмронии ӯ ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон афзудаанд. Бино ба маълумоти Washington Post, замони сари мансаб будани Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқҳои ҳарифони сиёсӣ ва васоити ахбори умуми мустақил поймол мешаванд.

Бо такя ба маълумоти созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch нашрия менависад, нисбати боздоштшудагон барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ аз шиканҷа кор гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон озодиҳои инсон ва ҳуқуқҳои аққалиятҳои ҷинсӣ низ риоя намешаванд.

Freеdom House Тоҷикистонро кишвари ноозод хонда, изҳор медорад, ки манъи фаъолияти мухолифон кишварро метавонад ба диктатура оварда расонад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 то соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буда, аз соли 1994 то имрӯз президенти Тоҷикистон мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.