Тоҷикони Русия ва Қазоқистон қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро пешниҳод карданд

Диаспораҳои тоҷикон дар Русия ва Қазоқистон дар робита ба амалҳои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон изҳорот пахш намуданд. Аз ҷумла, ба «Азия-Плюс» изҳороти диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург, ҷамъияти бурунмарзии тоҷикон «Сомон» дар шаҳри Екатеринбург, диаспораи тоҷикон дар Чувашия ва ҳамчунин Асотсиатсияи фарҳангӣ-ҷамъиятии тоҷикони Қазоқистон «Сомониён» дастрас шуд. Раҳбарияти ҷамъияти «Сомон» аз […]

ASIA-Plus



Диаспораҳои тоҷикон дар Русия ва Қазоқистон дар робита ба амалҳои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон изҳорот пахш намуданд.

Аз ҷумла, ба «Азия-Плюс» изҳороти диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург, ҷамъияти бурунмарзии тоҷикон «Сомон» дар шаҳри Екатеринбург, диаспораи тоҷикон дар Чувашия ва ҳамчунин Асотсиатсияи фарҳангӣ-ҷамъиятии тоҷикони Қазоқистон «Сомониён» дастрас шуд.

Раҳбарияти ҷамъияти «Сомон» аз кӯшишу талошҳои ноҷавонмардона ва бешарафонаи аъзоёни гуруҳои ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва  Умаров  Чунайдулло (собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва узви ҲНИТ) оид ба муташанниҷ сохтани вазъи сулҳу субот дар Тоҷикистон шадидан нигаронӣ изҳор мекунад.

Дар изҳорот бо таассуф қайд мешавад, ки чунин нобасомониҳо дар давоми рӯзҳое анҷом гирифтанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Душанбешаҳр ба ифтихори ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабиниҳо ва ташаббусу тантанаҳои ҷолибу шавқовар барпо гардида, кулли мардум, хусусан насли ҷавони мамлакат аз оромию субот, ваҳдату якпорчагии марзу бум ва иттиҳоди халалнопазир ифтихору сарбаландӣ карда, шукргузорӣ аз созандагӣ ва шукуфоии кишвар менамоянд.

Намояндагони диаспораҳои тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург амалҳои Ҳоҷӣ Ҳалим ва Ҷунайдулло Умаровро маҳкум намуда, изҳор медоранд, ки «бо ин амал онҳо  ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ зиён оварданд».

«Гурӯҳҳои террористии болозикр барои ҳаёти осоиштаи  халқи точик  мушкилиҳо эҷод намуда  ва мубориза бо онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шахси равшанфикри Тоҷикистон мебошад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Чувашияи Русия дар изҳороти худ қайд мекунанд, ки «имрӯзҳо баъзе хоинони миллату Ватан боз бар даст силоҳ гирифтаву  бар муқобили бародарону ҳамватанони худ бархостанд, ки ҳар лаҳза пеши назар ҳамон ҳодисаҳои нангину хунини солҳои 90-ум вонамуд мешавад».

«Ин нафарон аз қабили Ҳоҷӣ Ҳалиму дигар ҳаммаслакони собиқи наҳзатиаш боз мехоҳанд, ки халқи тоҷикро ба муқобили ҳам бархезонда миллатро ба вартаи нестӣ баранд. Аммо тавре мегуянд: “кӯр асояшро як маротиба гум мекунад” ва миллати тоҷик низ имрӯз дигар дӯстро аз душман  ба хубӣ фарқ мекунад», – омадааст дар изҳорот.

Онҳо аз ҳукумат ва мақомотҳои қудратии Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки ҳарчи зудтар ин гурӯҳҳои террористиро дастгир намуда, ба фаъолияти ҳамин гуна як ҳизби ба ном исломӣ дар қаламрави ҶТ хотима бахшанд.

Дар ҳамин ҳол, тоҷикони Қазоқистон низ «амали ноҷавонмардонаи Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш»-ро маҳкум намуда, даъват мекунанд, ки чунин афрод набояд ифтихори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино ва Хоразмиву Берунӣ, Форобиву Умари Хайём ва дигар мутаффакирони барҷастаи тоҷик ва номи милллату ин марзу бумро доғдор кунанд.

«Ин нафар (Абдуҳалим Назарзода), ки аъзои фаъол ва обруманди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, вазифа, рутбаи баланди ҳарбӣ, сарвату дороии зиёд дошт, худро ҳоҷӣ ва шахси ботақво меҳисобид, ба осонӣ ба миллату Ватани худ хиёнат намуд. Фикр накард, ки бо ҷинояти содиркардаи худ сабаби рехтани хуни ноҳақи бегуноҳон мегардад ва Ватанро ба харобазор ва макони тохтутози аҷнабиён табдил медиҳад», – зикр мегардад дар изҳорот.

Тоҷикони Қазоқистон аз ҳукумат ва ватандӯстони кишвар даъват мекунанд, ки «дар мубориза ба муқобили душманони миллат ва хоинон қотеъ бошанд, ба ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ ва манфиатҷӯ ба монанди  Ҳизби наҳзати ислом иҷозат ва имконияти як руз ҳам идома додани фаъолияти ғаразнокро надиҳанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.