Дар ҳодисаи сарозер шудани кран дар Макка тоҷикистониён осеб надиданд

Ситоди ҷумҳуриявии тадорукот ва баргузории маросими адои ҳаҷи Тоҷикистон «Ҳаҷ-2015» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳодисаи сарозер шудани крани сохтмонӣ ба масҷиди бузурги Масҷид-ал-Ҳаром дар шаҳри Макка шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд. Бино ба маълумоти интишоркардаи Кумитаи дини ҷумҳурӣ, дар натиҷаи фалокати ахире, ки дар Маккаи мукаррама ба вуқӯъ пайваст, ягон нафар аз ҳоҷиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб […]

Аваз Юлдошев



Ситоди ҷумҳуриявии тадорукот ва баргузории маросими адои ҳаҷи Тоҷикистон «Ҳаҷ-2015» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳодисаи сарозер шудани крани сохтмонӣ ба масҷиди бузурги Масҷид-ал-Ҳаром дар шаҳри Макка шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.

Бино ба маълумоти интишоркардаи Кумитаи дини ҷумҳурӣ, дар натиҷаи фалокати ахире, ки дар Маккаи мукаррама ба вуқӯъ пайваст, ягон нафар аз ҳоҷиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб надидаанд ва онҳо мунтазам маносики ҳаҷро адо намуда истодаанд.

«Ҳоло ҳама зоирони Тоҷикистон, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба самти Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, ҳамагӣ дар Маккаи мукаррама қарор доранд ва парвозҳои боқимонда низ аз самти Душанбе ба самти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешаванд», – омадааст дар хабари Кумита.

Тибқи маълумоти ахири Хадамоти мудофиаи граждании Арабистони Саудӣ, шумори қурбониён и ин ҳодиса ба 107 нафар расида, 238 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Дар бораи аз кадом миллатҳо будани фавтидагон ва осебдидагон алҳол маълумоти саҳеҳ дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки имсол 6 ҳазору 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА муқаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ карданд ва шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.