Дар Душанбе рӯзи 15 сентябр ҷаласаи навбатии президиуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир гардида, дар он масоили таҳкими робитахои ҳизб бо ҷомеа баррасӣ шуданд.
Котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа қарор шуд, ки дар робита ба комёбии намояндагони Ҳизби коммунисти Русия дар интихоботи рӯзи 13 сентябр, ки яке аз бузургмиқёстарин Рӯзи ягонаи овоздиҳӣ тайи солҳои ахир шуморида мешавад, ба раҳбарияти Ҳизби коммунисти Русия паёми табрикӣ фиристода шавад.
«Аз рӯи натиҷаҳои интихобот коммунистони Русия баъди ҳизби ҳокими «Единая Россия» зинаи дуюмро ишғол намуданд, ки дастоварди бузург аст», – иброз дошт Талбаков.
Ба гуфтаи ӯ, дар паёми табрикии коммунистони тоҷик зикр мегардад, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Русия баҳри таҳкими муносибатҳои ҳарду кишвар дар тамоми самтҳо метавонанд саҳми бештар фаъолтар дошта бошанд.
Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, рӯзи 13 сентябр ба қитъаҳои интихоботӣ дар Русия даҳҳо миллион нафар омаданд. Дар 21 минтақа губернаторон, дар 11 минтақа вакилони парлумон интихоб карда шуданд. Барои 92 ҳазор мандат (ваколатнома) дар тамоми сатҳҳои ҳокимияти маҳаллӣ 207 ҳазор нафар номзадҳо рақобат карданд.


