Cуди Қӯрғонтеппа нашъаҷаллобро маҳкум ва автомашинаи ӯро мусодира кард

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа автомашинаи боркаши нашъаҷаллобро мусодира кард. Раиси суди шаҳри Қурғонтеппа Сироҷиддин Сайдалӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки суд сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» Худойбердӣ Каримовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) ва 289, қ. 3 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуд. Тавре […]

Сайраҳмон Назриев



Суди шаҳри Қӯрғонтеппа автомашинаи боркаши нашъаҷаллобро мусодира кард.

Раиси суди шаҳри Қурғонтеппа Сироҷиддин Сайдалӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки суд сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» Худойбердӣ Каримовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) ва 289, қ. 3 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.

Тавре аз маводи парвандаи ҷиноӣ бармеояд, Х.Каримов ба боркашонӣ тариқи хатсайри Тоҷикистону Афғонистон машғул будааст. Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, рӯзи 11 марти соли 2015 ҳангоми дар Афғонистон қарор доштанаш аз он ҷо ба маблағи умумии 1,2 ҳазор доллари ИМА 2 килову 481 грамм маводи мухаддири ҳашиш ва 454 грамм афюн харида, онро дар махфигоҳи автомашинааш пинҳон мекунад.

Дар ҷараёни амалиёти махсуси кормандони Раёсати КДАМ ва Раёсати хадамоти гумруки вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Х.Кабиров боздошт ва зимни азназаргузаронии автомашинаи ӯ 2 килову 481 грамм маводи мухаддири ҳашиш ва 454 грамм афюн дарёфт мешавад.

Маҳкумшуда ҳамчунин иқрор шудааст, ки маводи мухаддирро дар Афғонистон ӯ бо дархости сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Қудратулло Додов харидаст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қудратулло Додовро низ боздошт намудаанд.

Суд Худойбердӣ Кабировро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи модадҳои 200, қ. 3 ва 289, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба 12 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард. Автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан»-и маҳкумшуда низ бо ҳукми суд ба нафъи давлат мусодира карда шуд.

Ғайр аз ин, суд Қудратулло Додовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 201, қ. (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 36, қ. 1 (Шарикони ҷиноят)  ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 5,6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.