Давраи омӯзишии КБСС барои табибон дар Ғарм

Рӯзи 15 сентябр як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои  фаврӣ  дар ҳолати чароҳатҳои васеъи  Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар водии Ғарм шурӯъ шуд, ки имрӯз ба итмом мерасад. Омӯзиши  иқдомоти  таъҷилии тиббӣ дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ  барои  20  пизишки  бахши  фаврӣ  баргузор  мегардад.  […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 15 сентябр як давраи омӯзишии муштарак барои пизишкони кумакҳои  фаврӣ  дар ҳолати чароҳатҳои васеъи  Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар водии Ғарм шурӯъ шуд, ки имрӯз ба итмом мерасад.

Омӯзиши  иқдомоти  таъҷилии тиббӣ дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ  барои  20  пизишки  бахши  фаврӣ  баргузор  мегардад.  Николаз Садрадзе, намояндаи бахши беҳдошт  ва дармони КБСС мегӯяд: «Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу  тақвияти  дониш  ва  маҳоратҳои  мутахассисон  аст,  ки  дар  бахши  кумакҳои фаврии пизишкӣ кор мекунанд.”

Омӯзандагони  сатҳи ҷаҳонӣ  аз КБСС,  ки  дар  арсаи  ироаи  кумакҳои  аввалия  тахассус доранд, дар бораи меъёрҳои равишҳои ташхис ва дармон барои беморон машғулиятҳо доир мекунанд. Ҳадаф аз ин омӯзиш коҳиши маргу мир бар асари як осеби умда аст.

То ба имрӯз 37 нафар табибон аз вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қобилияти худро оид ба кумакҳои фаврӣ дар ҳолати чароҳатҳои васеъ ба воситаи ду курсҳои аз ҷониби КБСС дар моҳи майи соли 2015 амалишуда такмил доданд.

Баргузории ин омӯзиш бо мусоидати фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар корҳои тадорукотӣ имконпазир шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.