Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 17 сентябр бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаҳои охирине, ки дар кишвар рӯй дод, ҷаноби Буриан бори дигар дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот таъкид карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон дар роҳи субот, ислоҳоти демократӣ ва шукуфоӣ баён намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Хидайет Бишчевич низ ҳузур дошт.


