Истиқболи сафорати ИМА аз иштирокчиёни машқҳои «Ҳамкории минтақавӣ»

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе омадани иштирокчиёнро ба машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ, ки чорабинии машқҳои ситодии калонтарини солонаю бисёрҷонибаи Фармондеҳии марказии ИМА мебошад ва дар ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гузаронда мешавад, хайра мақдам мегӯяд. Дар чорабинии соли ҷорӣ 187 иштирокчӣ ва ҳайати дастгирию хизматрасон аз Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Муғулистон ширкат хоҳанд кард ва […]

Иттилоияи расмӣ



Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе омадани иштирокчиёнро ба машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ, ки чорабинии машқҳои ситодии калонтарини солонаю бисёрҷонибаи Фармондеҳии марказии ИМА мебошад ва дар ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гузаронда мешавад, хайра мақдам мегӯяд.

Дар чорабинии соли ҷорӣ 187 иштирокчӣ ва ҳайати дастгирию хизматрасон аз Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Муғулистон ширкат хоҳанд кард ва бо шариконашон аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит ҳангоми мусоидати ҳамкории минтақавӣ байни давлатҳои иштироккунанда ҳамкорӣ менамоянд. Машқҳо дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-24 сентябр мегузаранд.

Машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” ба давлатҳои иштироккунанда тавассути семинарҳои таълимӣ ва машқҳои муштараки ситодӣ ҷиҳати баланд бартоштани қобилияти сулҳҷуёна ва омода шудан ба иштирок дар талошҳои байналмилалӣ имконият фароҳам меоварад. Машқҳо ба ҷараёни мувофиқати амалиётҳои муваффақ бо иштироки давлатҳои зиёд ва ба усулҳои таҳкиқотӣ барои беҳтаркунии ҳамкории ҳарбӣ-шаҳрвандӣ тамаркуз хоҳад кард. Дар боздидҳои мазкур масъалаҳои минтақавии ҷорӣ марбут ба амалиёти ҷаҳонии сулҳҷуёна, ҳамкории амниятӣ ва мубодилаи ахборот ҳангоми гузарондани амалиёти сулҳҷуёнае, ки талошҳои минтақавиро талаб мекунад, бардошта шуданд. Иёлоти Муттаҳида ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳар сол шурӯъ аз соли 2001 дар машқҳои “Ҳамкории минтақавӣ” иштирок мекунанд. Соли 2014 машқҳо таҳти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯзҳои 14-24 сентябри дар иёлоти Массачусетс гузаштанд.

Иловатан ба мизбони машқҳои соли ҷорӣ будани Тоҷикистон, он шарики муҳиме мебошад ва ба суботи васеи минтақавӣ мусоидат мекунад. ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ҳамаҷониба дошта, дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳ ва рушди иқтисод ва субот дар минтақа ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ бо Покистону Муғулистонро дар талошҳо ҷиҳати таъмини минтақаи осоиштаю устувор ва пешрафта хеле қадрдонӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.