Ифтитоҳи ду мактаби нав дар шаҳри Турсунзода

Date:



Дар доираи сафари кории президенти мамлакат ба шаҳри Турсунзода дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои дуошёнаи

муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро

мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои таълимӣ аз 5 бинои ду ошёна барои 800 нафар хонанда, аз  ҷумла 26 синфхонаи таълимӣ, 70 ҳуҷраи ёрирасон, 3 кабинети лабараторӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толорӣ варзишӣ барои 180 ҷой нишаст ва 1 майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода президенти мамлакат ба оғози фаъолияти

Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119

асос гузошт.

Корҳои сохтмонӣ дар мактаби наву замонавӣ моҳи июли соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии «Роғун» бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад. Мактаб аз озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон, толори варзишӣ бо 325 ҷой иборат мебошад, ки дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзандони сокинони маҳаллаи навбунёд дар ин муассиса таҳсили илм мекунанд, ки аз ин шумора 250 нафарашон фарзандони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...