Зуҳуров: Ҳукумати ҳозира ба таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар қодир аст

Date:



Дар доираи сафар ба ВМКБ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз дар маросими ба 82 оилаи аз офати табиӣ моҳи июл осебдида супурдани калидҳои манзили нав дар ноҳияи Шуғнон иштирок кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар маросими мавриби баҳрабардорӣ қарор гирифтани мағоза, ҳаммом, маркази тиббии дар шаҳраки нав сохташуда низ ҳузур дошт.

Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар ба ҳамаи бинокорони ин иншоот, ки супориши президент оид ба то 6 ноябр анҷом додани сохтмони ин иншоотро пеш аз муҳлат иҷро карданд, миннатдорӣ изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи манзилҳои ба осебдидагон аз аҳолии ноҳияи Шуғнон сохташуда бо тамоми асбобу лавозимоти барои рӯзгор зарурӣ, аз қабили телевизору яхдон, қолину ҷангкашак ва зарфҳо таъминанд.

Зимни суханронӣ назди аҳолии шаҳраки нав Ш.Зуҳуров аз онҳо даъват кард, ки барои нигаҳдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ атрофи ҳукумати кишвар мутттаҳид шаванд.

«Ҳукумати ҳозираи Тоҷикистон ҳукумати солҳои 90-уми асри гузашта нест, ӯ ба таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар қодир аст ва ба ҳама гуна бадхоҳоне, ки Тоҷикистони босуботро намепазиранд, посухи муносиб дода метавонад», – гуфт Зуҳуров.

Ӯ ба мақомоти дахлдор оид ба суръатбахшӣ ба корҳои сохтмони мактаби нав дар шаҳрак ва андешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҷиҳати таъмини сокинони шаҳраки нав бо оби ошомиданӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи июли соли равон бар асари селфароиву обхезӣ дар минтақаҳои кӯхистони кишвар 200 манзили зист, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар зербино хароб шуд.

Зиёни моддӣ аз ин офати табиӣ 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумаку дастгирӣ бахри рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии хориҷӣ муроҷиат кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...