Аз натиҷаҳои сафар ба минтақаҳо вакилон ба раҳбарият ҳисобот медиҳанд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аз 8 то 18 сентябр бо сафари корӣ дар минтақаҳо қарор доштанд, аз натиҷаҳои ин сафарашон ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳисобот медиҳанд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар гузоришҳои худ вакилон ба масоили […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки аз 8 то 18 сентябр бо сафари корӣ дар минтақаҳо қарор доштанд, аз натиҷаҳои ин сафарашон ба раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳисобот медиҳанд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар гузоришҳои худ вакилон ба масоили марбут ба ташвишҳои аҳолӣ ва мушкилоти рӯзмарраи ҷойдоштаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро то ба самъи раҳбарият мерасонанд.

«Бар асоси ин ҳисобот ба унвони ҳукумати кишвар маълумотномаи ягона таҳия хоҳад шуд, ки дар он ҳамаи масоили мавриди таваҷҷуҳи интихобкунандагон дарҷ мешавад», – таъкид дошт М.Султонов.

Зимнан зикр гардид, ки дар кумита ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон корҳои омодагӣ ба таҳияи рӯзномаи ҷаласаи нахустини иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистион ҷараён дорад, ки рӯзи 1 октябр дар Душанбе доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.