Пешгӯии сатҳи нисбатан баланди таваррум дар Тоҷикистон

Дар гузориши нави Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти унвони  «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2015» гуфта мешавад, муҳити беруна асосан тавассути интиқоли маблағҳои пулӣ ва тиҷорати хориҷӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад. Дар гузориш пешгӯӣ мешавад, ки соли 2015 сатҳи рушди иқтисод дар Тоҷикистон – 3,5% ва соли 2016 – 4,2%-ро ташкил хоҳад дод. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши нави Бонки осиёгии рушд (БОР) таҳти унвони


 «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2015»


гуфта мешавад, муҳити беруна асосан тавассути интиқоли маблағҳои пулӣ ва тиҷорати хориҷӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад.

Дар гузориш пешгӯӣ мешавад, ки соли 2015 сатҳи рушди иқтисод дар Тоҷикистон – 3,5% ва соли 2016 – 4,2%-ро ташкил хоҳад дод. Бино ба пешгӯиҳои иқтисодчиёни бонк, мизони таваррум дар ҷумҳурӣ соли 2015 то 10% боло рафта, соли 2016 то ба андозаи 7% коҳиш меёбад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта сатҳи таврррум дар Тоҷикистон соли 2014 – 7,4%, соли 2013 – 3,7% ва соли 2014 – 6,4%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, дар партави дурнамои рушди заифи иқтисод дар Чину Ҳиндустон ва ҳамчунин барқароршавии суст дар  кишварҳои бузурги индустриалӣ, дар гузориши БОР поинравии сатҳи рушд дар кишварҳои Осиё давоми солҳои 2015-2016 пешгӯӣ шуда, рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар минтақа соли 2015 дар сатҳи 5,8 ва соли 2016 дар сатҳи 6% пешбинӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.