Вазири корҳои дохилӣ ба аёдати маҷрӯҳон рафт

Date:



Рӯзи 24 сентябр, дар рӯзи таҷлили Иди саиди Қурбон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва саломатии кормандони Дастаи таъиноти махсуси ВКД ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки зимни ҳуҷуми мусаллаҳона ва амалиётҳои махсуси зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир онҳоро бо Иди Қурбон табрик гуфта, ба онҳо шифои комил хост. Ҳамзамон зимни аёдат ва дидорбинӣ аз номи ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷрӯҳон тӯҳфаҳои идона ва маблағи пулӣ тақдим карда шуданд.

Зимнан қайд гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  таҳти дастгирию ғамхории  пайвастаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо кӯмаки ҳамаҷониба расонида хоҳад шуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...