Иштироки нозирони тоҷик дар маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон

Намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) имрӯз ба шаҳри Бишкек раҳсипор шуданд. Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Мавзуна Шарофиддинова ба ҳайати миссияи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, узви КМИР Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва мутахассиси КМИР Мирзомда Боев ба […]

ASIA-Plus



Намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) имрӯз ба шаҳри Бишкек раҳсипор шуданд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Мавзуна Шарофиддинова ба ҳайати миссияи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, узви КМИР Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва мутахассиси КМИР Мирзомда Боев ба ҳайати миссияи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва сармутахассиси КМИР Қурбон Ҷӯрахонов ба ҳайати нозирони Созмони ҳамкории Шанхай шомил шудаанд.

Ғайр аз ин, сармутахассиси КМИР Тоҷикистон Аминҷон Ҳасанов дар ҳайати нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) дар мониторинги маъракаи интихобот ба парлумони Қирғизистон ширкат меварзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст