Э.Раҳмон ва С.Абдулқодирзода дар рӯйхати мусалмонони маъруфи дунё

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳон шомил гардиданд. Феҳристи навбатии 500 нафар мусалмонони маъруфи саросари дунё ( The Muslim 500-2016 )-ро рӯзи панҷшанбе Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳон шомил гардиданд.

Феҳристи навбатии 500 нафар мусалмонони маъруфи саросари дунё (

The Muslim 500-2016

)-ро рӯзи панҷшанбе Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр расонид. Ин рӯйхат аз соли 2009 ҳамасола ба чоп мерасад.

Зимни муаррифии Эмомалӣ Раҳмон муаллифони гузориш қайд кардаанд, ки ӯ аз соли 1993 мансаби раисҷумҳури Тоҷикистонро ба уҳда дошта, интихоби дубораи ӯ дар соли 2013-ро таъкид намудаанд. Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон маросими ҳаҷро адо карда, соли 2007 аз пасванди славянии «ов» дар ному насабаш даст кашид.

Дар робита ба Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфта мешавад, ӯ роҳбари мусалмонони Тоҷикистон аст, ки асосан ҷонибдори равияи суннии исломанд.

Мақоми аввал дар рӯйхати мусалмонони обрӯмандтарини ҷаҳонро шоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусайн касб намуда, ходими динии равияи суннӣ дар Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад ал-Тайиб зинаи дуюм, шоҳи Арабистони Саъудӣ Салмон ибн Абдул Азиз зинаи сеюм ва Оятулло Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон зинаи чорумро ишғол намудаанд.

Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки дар Фаронса иқомат дорад, дар мақоми 40-ум қарор дорад.

Ҳамчунин дар ин феҳрст ному насаби дигар сарони кишварҳову роҳбарони сатҳҳои гуногун, аз қабили презденти Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон, нахуствазири ин кишвар Аҳмед Давлатоғлу, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон – Рамзан Қодиров муфтии Ӯзбекистон – Усмон Олимов ва дигарон низ зикр шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 низ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯйхат шомил гардида, дар рӯйхати соли 2013 раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зикр ёфта буд. Дар феҳристи соли гузашта намояндагони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.