Вазорати мудофиа: Фурудгоҳи «Айнӣ» ба ихтиёри Русия нагузаштааст

– Нақшаҳои Русия бобати ба фурудгоҳи низомии «Айнӣ» интиқол дода шудани чархболҳои ҷангӣ ё зарбазани худ маънои онро надорад, ки иншооти ҳарбии мазкур барои истифода ба ихтиёри Русия дода шудааст, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. «Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар ҳайати иншооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор дошта, имрӯз сари ба […]

Аваз Юлдошев



– Нақшаҳои Русия бобати ба фурудгоҳи низомии «Айнӣ» интиқол дода шудани чархболҳои ҷангӣ ё зарбазани худ маънои онро надорад, ки иншооти ҳарбии мазкур барои истифода ба ихтиёри Русия дода шудааст, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

«Фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар ҳайати иншооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор дошта, имрӯз сари ба истифодаи доимӣ ё ба иҷора додани он ба кишварҳои дигар сухан намеравад», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфти манбаъ, авиатсияи ҳарбии Русия дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба дар доираи СААД ва тибқи мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон метавонад аз ин фурудгоҳ истифода барад, вале ҳуқуқҳои қонунии истифодаи он ба Тоҷикистон таллуқ доранд.

Ёдрас мекунем, ки намояндаи расмии Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия полковник Ярослав Рошупкин рӯзи 7 сентябр

дар ин робита изҳор дошт

, ки Русия ба пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон чархболҳои навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ интиқол медиҳад.

«Гуруҳи авиатсионии ташкилшуда дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, фурудгоҳи Айнӣ, 30 километр дуртар аз Душанбе ҷойгир хоҳад шуд. Ба ҳайати ин гурӯҳ чарболҳои зарбазани Ми-24П ва чархболҳои нақлиётиву ҷангии Ми-8МТВ дохиланд», – гуфт ӯ.

Рошупкин масъалаи мазкурро чунин шарҳ дод, ки ин чархболҳо ба ҳамлу нақли бору маҳсулот, таъмини ҳимояи қатораҳои воҳидҳои низомӣ, партоби десант, гузоштани монеъаҳои минаву таркишот, ба ҷойи бехавф кӯчонидани беморону маҷрӯҳон ва иктишофи муҳандисиву ҳавоии маҳал машғул хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин иншооти ҳарбии Русия берун аз қаламрави ин кишвар маҳсуб меёбад. Воҳидҳои он дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Пойгоҳ ҳадди ақал то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.