Оғози фаъолияти нахустин бозори хариду фурӯши коғазҳои қимматнок дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон нахустин бозори аввалияи хариду фурӯши коғазҳои қимматнок ва деривативаҳо (уҳдадорӣ, шартномаву қарордод) ба фаъолият шурӯъ намуд. Имрӯз, 12 октябр дар Душанбе маросими ифтитоҳи ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» (CASE) доир гардид. Нахуст ин биржа имкони хариду фурӯши коғазҳои қимматнокро фароҳам оварда, аз соли 2016 ба баргузории амалиёт бо деривативаҳо оғоз мекунад. Зимни суханронӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Тоҷикистон нахустин бозори аввалияи хариду фурӯши коғазҳои қимматнок ва деривативаҳо (уҳдадорӣ, шартномаву қарордод) ба фаъолият шурӯъ намуд. Имрӯз, 12 октябр дар Душанбе маросими ифтитоҳи ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» (CASE) доир гардид.

Нахуст ин биржа имкони хариду фурӯши коғазҳои қимматнокро фароҳам оварда, аз соли 2016 ба баргузории амалиёт бо деривативаҳо оғоз мекунад.

Зимни суханронӣ дар ин маросим муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов қайд кард, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии бозори коғазҳои қимматнок дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1992 ташкил шуда, аммо то ин замон як ниҳоди комили биржаи фондӣ ҳамчун ташкилкунандаи савдои коғазҳои қимматнок вуҷуд надошт, харчанд талошҳо дар ин самт сурат гирифта, вале бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Ба гуфтаи ӯ, CASE як платформае хоҳад буд, ки ҳам барои ширкатҳои маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба бахши воқеъии иқтисод тариқи хариду фурӯши коғазҳои қимматнок шароит фароҳам меоварад.

Муовини аввали нахуствазир ҳамчунин илова намуд, ки иштирокчиёни амалиёт оид ба хариду фурӯши коғазҳои қимматнок дар ин биржа муддати 5 сол аз пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

Директори генералии CASE Алишер Шерназаров иброз дошт, ки биржа моҳи апрели соли равон аз ҷониби як дастаи мутахассисони ҷавон таъсис дода шудааст, ки дар макотиби олии маъруфи Ҷопон, Британияи Кабир ва Қазоқистон таҳсили илм кардаанд.

«Оғози фаъолияти CASE ба як қатор сармоягузорони ниҳодӣ, аз қабили фондҳои нафақа ва сармоягузорӣ, ширкатҳои суғурта, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки воситаҳои молиявӣ ба даст оранд, ки ҳамчун сарчашмаи алтернативии даромад фоида оварда тавонад. Ҳамчунин тариқи ин платформа ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ барои рушди фаъолият тариқи нашри коғазҳои қиматноки худ дар Биржаи фондии Осиёи Марказӣ метавонанд сармоягузориҳо ҷалб намоянд», – шарҳ дод ӯ.

А.Шерназаров таъкид дошт, ки барои ташкил кардани зербинои дахлдор, таъминоти техникӣ ва маъсуси барномавӣ,таъминоти моддиву техникӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ то имрӯз ҳудуди 30 млн. сомонӣ маблағ сармоягузорӣ шудааст.

ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» (CASE) аз ҷониби ҶДММ «Конфоар майнинг» ва ҶДММ «Дастина» таъсис дода шуда, дафтари кории марказиаш дар бинои маҷмааи «Душанбе-Плаза» воқеъ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.