Вазорати маориф омӯзгори «муштзӯр»-ро ҷустуҷӯ дорад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мусоидат ба дарёфти омӯзгореро дархост мекунад, ки толибилмро мавриди лату кӯб қарор додааст. Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки вазорат ин ҳодисаро таҳқиқ дорад, вале он алҳол бенатиҷа буда, омӯзгори нисбати хонанда ба зӯроварӣ роҳдода то ҳанӯз дарёфт нашудааст. «Омӯзгор аз доираи […]

ASIA-Plus



Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мусоидат ба дарёфти омӯзгореро дархост мекунад, ки толибилмро мавриди лату кӯб қарор додааст.

Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки вазорат ин ҳодисаро таҳқиқ дорад, вале он алҳол бенатиҷа буда, омӯзгори нисбати хонанда ба зӯроварӣ роҳдода то ҳанӯз дарёфт нашудааст.

«Омӯзгор аз доираи Кодекси ахлоқи омӯзгор баромада, барои ин бояд ҷазои дахлдор гирад. Мутаассифона, боиси тааҷҷуб аст, ки ҳеҷ кадоме аз ҳамкорон ё директори мактабе, ки ин омӯзгороо медонад, то ҳол ҳеҷ вокунише нишон намедиҳанд. Ҳамчунин аз волидони ин хонанда низ ҳеҷ хабаре нарасидааст, ҳарчанд маълум аст, ки омӯзгор ба қонуншиканӣ роҳ додааст», – гуфт ҳамсуҳбат аз Вазорат.

Ба гуфтаи манбаъ, агар аз ҷониби муасисаи таълимӣ ба муайян кардани ин омӯзгор мусоидат нашавад, пас директори ин мактаб низ барои саривақт огоҳ накардан дар бораи ин ҳодиса ва пешгирии он муҷозот мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки омӯзгоре, ки хонандаро мавриди лату кӯб қарор додааст, метавонад аз кор озод карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ

наворе нашр шуд

, ки дар он барои аз дарс дер мондан омӯзгор толибилмро лату кӯб мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.