Э.Раҳмон пирӯзии А.Лукашенкоро нишони «боварии мардум» номид

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  Александр  Лукашенко, ки такроран Президенти Ҷумҳурии  Беларус   интихоб шуд, суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бори дигар ба муносибати пирӯзии боэътимодаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Белорус самимона табрику таҳният гуфта, аз нав ба ин мақоми олӣ интихоб шудани ӯро […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  Александр  Лукашенко, ки такроран Президенти Ҷумҳурии  Беларус   интихоб шуд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бори дигар ба муносибати пирӯзии боэътимодаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Белорус самимона табрику таҳният гуфта, аз нав ба ин мақоми олӣ интихоб шудани ӯро нишонаи боварию эътимоди қавии мардуми кишвараш ба сиёсати пешгирифтаи ӯ маънӣ дод.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин хабарро бо шодмонӣ дарёфт ва изҳори бовар намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Белорус ба нафъи ду мардуми дӯсту бародар минбаъд беш аз пеш рушду густариш меёбад.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорус ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.