Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 19 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон сурат гирифта, дар рафти онҳо 10 қочоқчӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶИА ва 6 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ҳалок ва аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 2 нафар захмӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизмати-ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015 дар ин бора маълумот дода шуд.
Дар ин давра 165 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони Афғонистон – 31 нафар, Қирғизистон – 6 нафар, Тоҷикистон – 109 нафар, Ӯзбекистон – 9 нафар, Чин – 2 нафар ва Русия – 8 нафар мебошанд.
Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар хатти сарҳад беш аз 1 тонна маводи мухаддир, 20 адад аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарони Раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба саривақт иҷро намудани чорабиниҳои тарҳрезишуда, ҳамчунин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣи супоришҳои мушаххас додааст.



