Таъсиси ноҳияи нав дар шаҳри Душанбе



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таҳти раҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ин гурӯҳ супориш дода шуд, ки то санаи 28 ноябр масъалат таъсиси ноҳияи нав дар шаҳри Душанберо мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, ноҳияи нави пойтахт аз ҳисоби ҷудо кардани ҳудуди ноҳияи Сино таъсис дода мешавад.

Раиси пойтахт ба гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санадҳои марбут ба муайян кардани марзҳои ноҳияи нав ва сохтори маъмурии он дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дастуру супориш дод.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе чор ноҳия – Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Сино ба қайд гирифта шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное