Таъсиси ноҳияи нав дар шаҳри Душанбе

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таҳти раҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ин гурӯҳ супориш дода шуд, ки то санаи 28 ноябр масъалат таъсиси ноҳияи нав дар шаҳри Душанберо мавриди омӯзиш қарор диҳад. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, ноҳияи нави пойтахт аз ҳисоби […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таҳти раҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба ин гурӯҳ супориш дода шуд, ки то санаи 28 ноябр масъалат таъсиси ноҳияи нав дар шаҳри Душанберо мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, ноҳияи нави пойтахт аз ҳисоби ҷудо кардани ҳудуди ноҳияи Сино таъсис дода мешавад.

Раиси пойтахт ба гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санадҳои марбут ба муайян кардани марзҳои ноҳияи нав ва сохтори маъмурии он дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дастуру супориш дод.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе чор ноҳия – Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Сино ба қайд гирифта шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.