Боздиди хотимавии сафири Беларус аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврукро бинобар ба итмом расидани фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, зимни сӯҳбат ҷонибҳо сатҳи баланди робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстро таъкид намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазир ба фаъолияти О.Гаврук ба ҳайси нахустин сарвари намояндагии дипломати Беларус дар Душанбе баҳои баланд […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврукро бинобар ба итмом расидани фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, зимни сӯҳбат ҷонибҳо сатҳи баланди робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстро таъкид намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазир ба фаъолияти О.Гаврук ба ҳайси нахустин сарвари намояндагии дипломати Беларус дар Душанбе баҳои баланд дода, дар корҳои ояндааш бурдбориҳо таманно кард.

Гуфта мешавад, дар навбати худ сафир ба сарвари идораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияташ изҳори сипос намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.