Сари чамбари автомашина Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо вазъи роҳҳои Суғд шинос шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сафар ба вилояти Суғд аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сафар ба вилояти Суғд аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум бевосита шинос шуд.

Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент Президенти мамлакат шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дод.

Чунончи зикр гардид камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент вуҷуд доранд, вале азбаски муҳлати сохтмони ин роҳ ҳоло анҷом наёфтааст, изҳори бовар шуд, ки ҳамаи нуқсонҳои ҷойдошта бартараф мегарданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат зимни сафари худ ба вилояти Суғд тавассути ин шоҳроҳ аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои баланд дод.

Мавриди зикри хос аст, ки новобаста аз боришоти борону барф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе тавассути роҳи мошингард ва ағбаву нақбҳо то вилояти Суғд беш аз 700 километрро тай карда, барои мулоқот бо сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин минтақаи ҷумҳурӣ ташриф овард.

Сарвари давлат доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар роҳҳои дигари шаҳру ноҳияҳои номбаршуда муайян гардиданд ба масъулини маҳаллию ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.