Нигаронии шаҳрдории пойтахт аз далелҳои истифодаи ғайримақсадноки заминҳо

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 октябр ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро доир намуда, дар ҷараёни он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар зарфи 9 моҳи соли равон баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, раиси пойтахт дар ҷаласа қайд кард, ки нишондиҳандаҳои бадастовардашуда ба имконоти […]

Аваз Юлдошев



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19 октябр ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро доир намуда, дар ҷараёни он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар зарфи 9 моҳи соли равон баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, раиси пойтахт дар ҷаласа қайд кард, ки нишондиҳандаҳои бадастовардашуда ба имконоти шаҳр ҷавобгӯ нестанд ва аз ин рӯ, ба муовини раиси шаҳр Шуҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳои пойтахт, сардорони Раёсатҳои молия ва андоз супориш дод, ки дар муддати ду ҳафта ҷиҳати ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ дар шаҳр тадбирҳои муассир андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолати истифодаи 1111 гектар қитъаи замини, ки бо қарори палатаи болии парлумони ҷумҳурӣ аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба тавозуни пойтахт дода шудаанд ва 2381 гектар қитъаи замин дар қисмати ҷанубу шарқи пойтахт, ноҳияи Варзоб, ки низ ба ихтиёри шаҳр супурда шудаанд, нигаронӣ изҳор намуд.

Раиси пойтахт зикр кард, ки имрӯз ин заминҳо аз ҷониби раҳбарияти ноҳияҳоиРӯдакӣ ва Варзоб тибқи таъинот истифода намешаванд.

Барои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур қарор шуд, ки аз рӯи ин масъала ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиат карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.