Семинари минтақавӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна дар Душанбе

Дар Душанбе семинари серӯзаи омӯзишии минтақавӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна баргузор шуд. Тавре аз Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ин робита иттилоъ доданд, мақсади асосии семинар аз баҳодиҳии ҳолати кунунии системаи зироаткорӣ ва баландбардории сатҳи дониши муттахасисони маҳаллӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна мебошад. Ба ҷузъ аз мутахассисони маҳаллӣ, муттахасисон аз ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, […]

Иттилоияи расмӣ



Дар Душанбе семинари серӯзаи омӯзишии минтақавӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна баргузор шуд.

Тавре аз Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ин робита иттилоъ доданд, мақсади асосии семинар аз баҳодиҳии ҳолати кунунии системаи зироаткорӣ ва баландбардории сатҳи дониши муттахасисони маҳаллӣ оид ба зироаткории сарфаҷӯёна мебошад. Ба ҷузъ аз мутахассисони маҳаллӣ, муттахасисон аз ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Ӯзбекистон ва Украина иштирок намуданд. Ҳамчунин онҳо оиди натиҷаҳои бадастоварда худ дар самти ҷоринамоии системаи зироаткории сарфаҷӯёна дар кишварҳояшон баромад мекунанд.

Дар назар аст, ки дар рафти семинар-омӯзиши минтақавии мазкур лоиҳаи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷоринамоии зироаткории сарфаҷӯёна низ муҳокима машавад. 

“Мо боварӣ дорем, ки семинар- омӯзиши минтақавии мазкур барои амалӣ ва ҷорӣ намудани системаи зироаткории сарфаҷӯёна як такони нав мебахшад. Чунончи технологияи мазкур барои беҳтарнамоии ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот, даромаднокии хоҷагиҳо, дастрасӣ ба амнияти озуқаворӣ аҳамият дошта, ҳамчунин умедворем ки семинар барои пешрафти хоҷагиҳомуносибат бо муҳити атроф ва ҳамзамон барои мубодилаи таҷриба кӯмак мерасонад,” – гуфт Виорел Гутсу намояндаи ТОК СММ дар Тоҷикистон.

Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ мебошад, ки дар он зироаткорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, махсусан ғалладонагиҳо ва зироатҳои техникӣ зиёд парвариш мешаванд ва 20% ММД кишвар ин ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ мебошад. Соҳаи аграрӣ яке аз бахшҳои калидии ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.  

Дар ҷумҳурӣ норасогии малака ва дониши муосир оиди системаҳои нави хоҷагидорӣ ва ҳамзамон дастнорас набудани набудани технологияи муосир ба назар мерасад. Вобаста бо ин масъала Вазорати кишоварзӣ аз ТОК СММ расман барои кӯмаки техникӣ оиди ҷори намудани зироаткории сарфаҷӯёна дархост кардааст. Семинари мазкур низ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзӣ дар доираи ин дастгирии техникӣ баргузор мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.