Медал ба Тоҷикистон дар фестивали байнулмилалии фарҳанги чойнӯшӣ

Date:



Бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Ассотсиатсияи хӯрокҳои миллии Озарбойҷон рӯзи 20 октябр дар маркази фарҳангу фароғатии «Хонадон»-и шаҳри Боку таҳти унвони «Фарҳанги чойнӯшӣ дар кишварҳои ҷаҳон» фестивали байнулмилалӣ доир гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Боку, дар ин чорабинӣ сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо оро додани мизи чойнӯшӣ мувофиқи анъанаҳои милии тоҷикон «Гӯшаи Тоҷикистон»-ро ташкил намуд. Ба тамошогарони фестивал сарулибос ва асбобҳои мусиқии миллии тоҷикон ва ҳамчунин дастархони тоҷикӣ бо навъҳои гуногуни нон ва шириниҳои маъмулӣ пешкаш шуданд.

Ба иштирокчиёни фестивал ва дигар ҳозирин имкон дода шуд, ки натанҳо бо анъанаҳои миллии чойнӯшии тоҷикон ва дигар анъанаҳои миллии марбут ба ин расму оини онҳо шинос шаванд, балки бевосита сари дастархон нишаста, чой нӯшанд ва аз ширинҳо тановул кунанд.

Гуфта мешавад, «Гӯшаи Тоҷикистон» бо Ифтихорнома ва медали Вазорати фарҳанг ва туризм ва Ассотсиатсияи хӯрокҳои миллии Озарбойҷон сарфароз гардонида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related