Имкони барқарор шудани хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку

Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта доир гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тарафдории худро ба  барқарор кардани хатсайри ҳавоии мунтазам миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта доир гардид, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тарафдории худро ба  барқарор кардани хатсайри ҳавоии мунтазам миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку баён доштанд.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барқарор нашудани ин хатсайри ҳавоӣ муддати тӯлонӣ бо сабабҳои номаълум, ба рушди амалии муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонад», – қайд мешавад дар маълумоти сафорат.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот атрофи амалисозии бандҳои протоколи III ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон табодули назар сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба дурнамои муттаҳид сохтани лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Боку -Тифлис – Карс ва Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани шохаи роҳи оҳани Боку – Тифлис – Каср ояндаи наздик дар назар аст.

«Дар ин гуфтугӯ аҳамияти долони комуникатсионии Осиё -Қафқоз – Аврупо таъкид шуд, ки пас аз муттаҳид сохтани лоиҳаҳои мазкур амалӣ мешавад», – омадааст дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки хатсайри ҳавоии мунтазами Душанбе – Боку – Душанбе 10 июли соли 2012 ифтитоҳ гардида, вале дар робита ба нокофӣ будани талаботи мусофирон ба он, минбаъд амал намекард. Моҳи марти соли 2013 парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр дубора барқарор шуда, лекин бо сабаби дар боло зикршуда боз баста шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.