Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳри Санкт-Петербург Светлана Агапитова ба журналистон хабар додааст, ки сабаби марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр фавтид, бояд рӯзи 14 ноябр баъди маълум шудани натиҷаҳои таҳқиқи ҷасад муайян карда шавад.
«То замони ба итмом расидани кори Кумитаи тафтишот, сухан гуфтан дар бораи сабабҳои марги кӯдак барвақт аст. Натиҷаҳои таҳқиқи ҷасад рӯзи 14 ноябр маълум шуда, сипас сабаби марги кӯдак муайян мегардад», – хабар медиҳад
РИА Новости
бо такя ба суханони С.Агапитова.
Ба гуфтаи ӯ, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел «бо моддаи барои табибон вазнин боз шудааст».
Номбурда ҳамчунин гуфтааст, тафтишт бар ин гумон аст, ки дар ин вазъ табибон ба таври бояду шояд вазифаҳои касбии худро ба иҷро нарасонидаанд. С.Агапитова қайд кардааст, ки дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони Петербург бо диаспораи тоҷикон дар Петербург ҳамкорӣ дошта, ҳамчунин аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ дархост расидааст.
«Барои мо ин фоҷеаи даҳшатангез аст, вале мо бояд бифаҳмем, ки чӣ ҳодиса рух додааст, то ки минбаъд чунин фоҷеаҳо такрор нашаванд», – таъкид доштааст С.Агапитова.
Рӯзи 22 октябр роҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург Вячеслав Степченко ба хабаргузории
РИА Новости
иттилоъ дода буд, ки мақомоти пулис ҳолатҳои рӯзи 13 октябр аз дасти оилае аз Тоҷикистон гирифтани тифлашон
санҷиши дақиқ гузаронидаанд.
Рӯзи дигар дар шаҳри Маскав брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова доир гардид, ки дар он ӯ роҷеъ ба ҳодисаи марги тифли тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург низ
изҳори назар кард.
Ахири ҳамин моҳ котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба
РИА Новости
изҳор намуд, ки президенти Русия Владимир Путин аз қазияи пурсарусадои марги кӯдаки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург
огаҳӣ дорад.



