Коршинос: Афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ танҳо аз ҳисоби андоз раҳгумӣ аст

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши буҷети давлатӣ дар соли 2016 ба миқдори 3,3 млрд. сомониро маъқул шуморида, онро дар ҳаҷми 18 млрд. 306 млн. сомонӣ тасдиқ кард. Дар шароити буҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷет ба ин миқдор маблағ зикр намегардад. Ба андешаи корманди калони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши буҷети давлатӣ дар соли 2016 ба миқдори 3,3 млрд. сомониро маъқул шуморида, онро дар ҳаҷми 18 млрд. 306 млн. сомонӣ тасдиқ кард.

Дар шароити буҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷет ба ин миқдор маблағ зикр намегардад.

Ба андешаи корманди калони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Шамсиддин Ҷалолов, афзоиши ҳаҷми буҷети кишвар ба бисёр омилҳое чун таъсиси иқтидорҳои нави саноатӣ, шаффофии фаъолияти мақомоти молия, ҷолиб будани кишвар барои сармоягузорӣ, сатҳи озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра вобаста аст.

«Агар ҳукумат аз ҳисоби зиёд кардани маблағҳои андозбандӣ ҳаҷми буҷетро афзуданӣ бошад, ин раҳгумӣ аст», – чунин мешуморад коршинос.

Ӯ бар ин назар аст, ки соли 2016 Тоҷикистон бояд мавқеи худ нисбати ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро муайян намояд.

«Ворид шудани Тоҷикистон ба ИИАО ҳам ҷанбаҳои мусбату ҳам манфӣ дорад. Масалан, узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ба ҷалби бештари сармоягузориҳо имкон дода, захираҳои корие, ки истифода намешаванд, бо шуғл таъмин мегарданд, аммо дар ҳамин ҳол, бахши саноати кишвари мо бо бахши саноати кишварҳое чун Русия ё Қазоқистон ва ё Беларус рақобатпазир буда наметавонад», – мегӯяд коршинос.

Номбурда чунин мешуморад, ки ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи озод кардани корхонаву ташкилотҳо аз пардохти андозҳо даст кашанд.

«Танҳо соли ҷорӣ корхонаҳо ба маблағи умумии беш аз 20 млн. доллари ИМА аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ зиёда аз 391 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид гардид», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.