Намояндагии Осиёи-Марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 то 06 ноябри соли 2015 ташриф меорад. Ба ҳайати намояндагӣ 8 нафар вакилони Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гурӯҳҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупо мебошанд.
Мақсади асосии сафар – гузаронидани ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонӣ, ки таҳти раёсати Ивета Григуле (ПА) ва Шариф Раҳимзода (Маҷлиси Намояндагон) баргузор мегардад.
Дар чорчӯбаи ташриф, намояндагии Парлумони Аврупо як қатор вохӯриҳоро бо мансабдорони ҳукуматии олимақом ба нақша гирифтааст. Мувофиқи рӯзномаи кор вохӯриҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷа Сироҷиддин Аслов ва Раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешбинӣ шудаанд. Инчунин намояндагии Парлумони Аврупо бо намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо ба нақша гирифтааст.
Иттиҳоди Аврупо аз 28 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб аст. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад.
Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст.
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.



