Таъсиси фонд барои дастгирии оилаи Умаралӣ Назаров



Федератсияи муҳоҷирони Русия барои дастгирии оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки тифлашон дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтид, таъсиси як фондро дар нақша дорад.

«Ба президенти Русия Владимир Путин ва волии шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко муроҷиат мекунем. Мо баҳри дастгирии ин оила фонд таъсис доданием. Шояд таъсиси фонд барои ҳамаи ҷабрдидагон аз оилаҳои муҳоҷирон лозим бошад. Мо аз ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ даъват мекунем, ки талошҳоро муттаҳид сохта, ташаббусҳои моро дастгирӣ кунанд», – гуфтааст дар эфири

«Радио Балтика»

президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Муҳаммад Амин Маҷумар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ ҳамчунин қарори суди шаҳр дар бораи рад кардани аризаи шикоятии модари тифли фавтида дар бораи истирдоди ӯ аз қаламрави Русияро низ шарҳ дода, изҳор намудааст, ки чунин ҳолат дар таҷрибаи судҳои ҷаҳон аҳёнан вомехӯрад. «Қарори суд – нақзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон аст. Кӯдакашро куштанд, акнун ӯро истирдод мекунанд. Мо қотеъона розӣ нестем», – илова кардааст Маҷумар.

Дар ҳамин ҳол,

РИА Новости

бо истинод ба адвокати диаспораи тоҷикон дар пойтахти шимолии Русия иттилоъ медиҳад, ки Умаралӣ Назаров метавонад дар Петербург ба хок супурда шавад.

Ҷасади тифлро алҳол ба волидонаш насупурдаанд. «Айни замон қарор дар бораи бо худ гирифтани ҷасади тифл аз ҷониби модараш қаубл нашудааст. Ҳамчунин масъалаи дар Петербург ба хок супурдани ҷасади кӯдак баррасӣ мешавад», – гуфтааст адвокат.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қайд кардан бамаврид аст, ки суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр

аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад кард. Дар муддати 15 рӯз зан қаламрави Русияро бояд тарк кунад. Моҳи октябр диаспораи тоҷикон аз суд дархост намуда буд, ки хориҷ кардани занро ба муддати 2-3 моҳ то анҷоми тафтишот мавқуф гузорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия аз прокуратура дархост хоҳад кард, ки ба масъалаи ихроҷи модари тифли ҳалокшуда дахолат намояд. Дар барномаи радиои

«Эхо Москвы»

роҳбари Шӯро Михаил Федотов изҳор доштааст, ки «таъҷилан ба унвони прокурори генералӣ муроҷиатнома менависад, то ки ӯ қонунӣ будани ин қарорро санҷида, барои дахолат ба ин масъала имкон ёбад зеро ба андешаи ӯ, занро аз Русия хориҷ кардан лозим нест».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба андешаи Федотов, «муайян кардани афроди гунаҳкор дар ин ҳодисаро зимни дар ҳамин ҷо қарор доштани ҷабрдида анҷом додан зарур аст». «Агар шумо ӯро хориҷ мекунед, усули кӯҳна ҳукмрон хоҳад шуд: вақте одам нест, мушкилот ҳам нест», – гуфтааст ӯ ва илова намудааст, ки ҳолатҳое, ки парвандаҳои ихроҷи муҳоҷирон «дар як маҷрое ҷараён доранду дақиқан аз ҷониби судҳо баррасӣ намешаванд, ин гуна муносибат норавост.

Ҳамчунин узви Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон Евгений Шаблинский зикр намудааст, ки кормандони пулис ба тартиб додани «Санад дар бораи ошкор кардани кӯдаки партофташуда ё гумшуда» нисбати Умаралӣ Назаров асос надоштанд.

«Ӯ тифли партофташуда ё гумшуда набуд, бе нигоҳубини волидон ҳам набуд, – гуфтааст Шаблинский. – Дар як ҳуҷра ҳамроҳи ӯ наздиконаш – модар ва бибиаш ҳузур доштанд. Падараш (Рустам Назаров) низ дар паҳлӯ, назди даромадгоҳи Раёсати ВКД қарор дошт. Асосҳои дар дастурҳо пешбинишуда барои даъвати «ёрии таъҷилӣ» низ мавҷуд набуд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назаров ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тибқи

хулосаи коршиносони судиву тиббӣ

, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

spot_imgspot_img

Популярное