Нақшаи таъмири роҳҳои Хуҷанд 107,3% иҷро шуд

Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд давоми ҳафта муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва ширкати «Суғдроҳ» корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои шаҳрро вусъат бахшида, кӯчаи ба номи А.Суворови маҳаллаи «Чорчароғ»-ро тахту ҳамвор ва корҳои мумфаршкунашро ба охир расониданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, масофаи умумии роҳ 160 метр буда, маблағи умумии корҳои […]

ASIA-Plus



Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд давоми ҳафта муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва ширкати «Суғдроҳ» корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои шаҳрро вусъат бахшида, кӯчаи ба номи А.Суворови маҳаллаи «Чорчароғ»-ро тахту ҳамвор ва корҳои мумфаршкунашро ба охир расониданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, масофаи умумии роҳ 160 метр буда, маблағи умумии корҳои таъмиру мумфаршкунӣ зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ аст. Аз ин маблағ 10 ҳазор сомонӣ саҳми сокинону соҳибкорон – истиқоматкунандагони кӯчаи мазкур буда, 70 ҳазор сомонии онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд пардохтааст.

Ёдрас мешавад, ки то имрӯз ба ҷойи 39,1 км таъмири  асосии нақшавӣ 40,1 км роҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуда,  нақшаи таъмири ҷорӣ бошад, ба ҷойи 18 км нақшавӣ 22 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Гуфта мешавад, нақшаи солонаи таъмири роҳ дар шаҳри Хуҷанд 57,1 км пешбинӣ гашта буд, ки то нимаи аввали моҳи ноябр масофаи роҳҳои таъмиргаштаи маркази вилоят ба 61,25 км расида, он 107,3 % иҷроиши нақшаро таъмин намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.