Дарсҳо дар муассисаҳои таълимии пойтахт соати 7:30 шурӯъ мешаванд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тағйири вақти оғози дарсҳо дар муаассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе қарор қабул кард. Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 16 ноябр, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар ҳамаи макотиби олӣ, коллеҷ […]

ASIA-Plus



Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тағйири вақти оғози дарсҳо дар муаассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе қарор қабул кард.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 16 ноябр, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар ҳамаи макотиби олӣ, коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои пойтахт дарсҳо ним соат пештар, яъне соати 7-у 30 дақиқаи субҳ оғоз меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, ин қарор бо дархости мақомоти шаҳрдориии Душанбе дар бораи бозбинии вақти ҷадвали дарсҳои донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт ва ҳамчунин бо мақсади кам шудани тамбаҳо (пробкаҳо)-и автомобилӣ субҳу шом дар роҳҳои мошингарди шаҳр қабул шудааст.

Дар робита ба муҳлати амали реҷаи нави оғози дарсҳо дар макотиби олӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳои пойтахт зикр гардид, ки «шаҳрдорӣ сохтмони метро ё дигар роҳҳои алтернативиро дар нақша дорад». Танҳо пас аз бунёди зербинои нави шаҳр, донишҷӯён метавонанд ним соат вақти хоби талафёфтаи худро дубора бозпас гиранд.

Ёдрас мекунем, ки дар машварати кории рӯзи 5 октябри соли равон зимни баррасии масъалаи марбут ба тамбаҳои зиёди мошинҳо ҳар субҳу шом дар роҳҳои пойтахт, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур дод, ки ҳамроҳ бо Вазорати маориф ва илм масъалаи бозбинии реҷаи вақти таҳсили донишҷӯёни макотиби олии пойтахтро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Ба андешаи раиси шаҳри Душанбе, тағйири вақти реҷаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии пойтахт ба қисман ҳал кардани ин мушкилот мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.