Тоҷикистон аз Чин сармоягузориҳои бузургро интизор аст

Дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун масоили ҷалби сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун масоили ҷалби сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Чину Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ғайра табодули назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфт.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, давоми солҳои 2007-2014 ба иқтисоди Тоҷикистон аз Чин ба маблағи 1 млрд. 36,5 млн. доллари ИМА сармоя ҷалб шудааст, ки ба рушди бахшҳои алоқа, сохтмон, хизматгузориҳои молиявӣ, иктишофи геологӣ ва истихроҷ, насби таҷҳизоти техникӣ, саноат ва дигар соҳаҳо равона шудааст.

Давоми солҳои 2015-2018 Тоҷикистон аз Чин боз дар ҳаҷми 6 млрд. доллари ИМА сармоя ҷалб карданист.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар савдои беруна бо Тоҷикистон соли 2014 Чин баъди Русия зинаи дуюмро ишғол намуд. Ҳаҷми муомилоти молӣ бо Чин ҳудуди 800 млн. доллари ИМА ё худ 14,6% аз ҳаҷми умумии савдои берунаи Тоҷикистонро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.