Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 16 ноябр машварати кории васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи пойтахт баррасӣ шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, бо назардошти таҳлили муроҷиатҳои сокинони шаҳр тариқи телефонҳои боварӣ вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, М.Убайдуллоев аз фаъолияти шабакаҳои барқи шаҳр норозигӣ изҳор намуда, аз мақомоти прокуратураи пойтахт санҷиши фаъолияти шабакаҳои барқи пойтахт дар робита ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгаронро дархост намуд.
Раиси пойтахт ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти назорат аз болои кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр дастуру супоришҳо дод.
Ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин дар қаламрави пойтахт ҷалб намуда, дастур дод, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шаванд.
М.Убайдуллоев инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои роҳ надодан ба нигаҳдории чорвои хонагӣ дар қаламрави шаҳр, тоза кардани селпартоҳо, саривақт берун баровардани партовҳои маишӣ, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар пойтахт, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор дар биноҳо ва дигар масоили рӯзмарраи пойтахт ҷалб намуд.



