Диаспораи тоҷикони Твер дар Бартанг мактаби нав месозад

Ҳодисаи заминларзаи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода, ки сабаби ба вуҷуд омадани хисороти молӣ ва ҷонӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Бадахшон гардид, тоҷикони Федератсияи Россияро низ бетараф нагузошт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз он ҷумла, бо ташаббуси раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим […]



Ҳодисаи заминларзаи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода, ки сабаби ба вуҷуд омадани хисороти молӣ ва ҷонӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Бадахшон гардид, тоҷикони Федератсияи Россияро низ бетараф нагузошт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз он ҷумла, бо ташаббуси раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим Майбалиев ба

суратҳисоби махсуси

барои зарардидагон кушодашуда маблағи муайяни пулӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия тасмим гирифтаанд, ки дар деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба ҷойи мактаби рақами 35, ки аз офати табиӣ зарар дидааст, мактаби нави замонавӣ бо тамоми таҷҳизоташ бунёд намоянд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 28 август ба ифтихори ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим Майбалиев бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.