Ҳар сеюм кӯдак дар Тоҷикистон аз нимсерӣ мефавтад?

Сатҳи маргу мир бар асари нимсерӣ ё нимгушнагӣ  дар Тоҷикистон 34,9% аз мизони маргу мири умумӣ миёни кӯдаконро ташкил медиҳад. Дар ин бора бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҶТ Си.Си.Ю ба журналистон хабар дод. «Намедонам то куҷо ин маълумот саҳеҳ аст, аммо барои нигаронӣ аз вазъи […]

Пайрав Чоршанбиев



Сатҳи маргу мир бар асари нимсерӣ ё нимгушнагӣ  дар Тоҷикистон 34,9% аз мизони маргу мири умумӣ миёни кӯдаконро ташкил медиҳад. Дар ин бора бо такя ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҶТ Си.Си.Ю ба журналистон хабар дод.

«Намедонам то куҷо ин маълумот саҳеҳ аст, аммо барои нигаронӣ аз вазъи таъмини амнияти ғизойӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба он кофист», – иброз дошт Си.Си.Ю.

Ӯ қайд кард, ки муддати се соли наздик БОР ният дорад, ки ду лоиҳаи марбут ба беҳбуди вазъи таъъмини амнияти ғизойӣ дар ҷумҳуриро маблағгузорӣ намояд.

Номбурда таъкид дошт, ки амалисозии лоиҳа оид ба идоракуни захираҳои обӣ низ дар назар аст, ки яке аз таркибҳои он ба беҳтар намудани вазъи низомҳои обёрӣ нигаронида шудааст. «Беҳбуди ин низомро мо ба сифати яке аз таркибҳои беҳбуди таъмини амнияти ғизойӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мекунем», – гуфт намояндаи БОР.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2017 амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди таъмини амнияти ғизойӣ ба нақша гирифта шудааст. «Айни замон мо таҳқиқот мегузаронем, то ки самтҳои корамон дар ин масъала муайян карда шавад. Бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт, ки қисматҳои ин лоиҳа истеҳсол ва тақсимоти маҳсулоти ғизойӣ хоҳад буд», – афзуд намояндаи бонк.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд