Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон мавқуф гузошта шуд

Машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 декабр пешбинӣ шуда буданд, бо розигии тарафҳо ба ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сабаби ба таъхир афтодани машваратҳо бештар дақиқу саҳеҳтар омода кардани рӯзномаи вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо будааст. […]

ASIA-Plus



Машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 декабр пешбинӣ шуда буданд, бо розигии тарафҳо ба ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сабаби ба таъхир афтодани машваратҳо бештар дақиқу саҳеҳтар омода кардани рӯзномаи вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо будааст.

Ба иттилои манбаъ, машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки нахустин вохӯрии чунин сатҳ байни намояндагони кишварҳо мебошад, санаи 24 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҳайати ҷонибҳоро дар ин чорабинӣ муовинони вазирони корҳои хориҷи кишварҳо Парвиз Давлатзода (Тоҷикистон) ва НиёзХоҷаев (Ӯзбекистон) роҳбарӣ мекунанд.

Дар машваратҳо баррасии масоили муҳиму рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили рушди муносибатҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту коммуникатсия дар назар буда, миёни ҷонибҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти глобалии минтақаи Осиёи Марказӣ, ИДМ, вазъ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар сурат мегирад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 22 октябри соли1992 роҳандозӣ шуданд. Санадҳои асосии танзимкунандаи самтҳои асосии муносибатҳо миёни кишварҳо Шартномаи баимзорасида дар Тошканд 4 январи соли 1993 дар бораи дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ва Созишнома дар бораи дӯстии абадӣ миёни давлатҳо аз 15 июни соли 2000 мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер